Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Вохӯрӣ доир гардид

       

       Дар ноҳия тибқи нақшаи кории шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баҳри иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падуру модар дар таълиму тарбияи фарзанд", сари вақт ба қайд гирифтани таваллуд, ҳамкорӣ бо кормандони муассисаҳои тиб оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ба кормандони САҲШ, котибону  коргузорони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоатчигӣ вохурӣ доир гардид.

        Вохӯриро муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мазмуну муҳтавои чорабинӣ шинос намуд.

        Сипас, сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сафарзода Зинатгул Ҳотам ва корманди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Сафарзода Анварбӣ баромад карданд.

       Дар охир иштироккунандагон  ба саволҳои худ аз ҷониби меҳмонон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ