Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

                                       

               Рӯзи 14  апрели  соли  2018  дар  толори   муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №2  вохўрии хатмкунандагони  муассисаҳои   таълимии   ноҳия  бо   намояндагони   муассисаҳои  таҳсилоти   олии   касбиии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   ва   Федератсияи   Россия   доир   гардид.  Дар  вохўрӣ  устоди  Донишкадаи  технологии   шаҳри  Кўлоби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Шоев   Алмосшоҳ,  намояндагони  Донишгоҳи  давлатии Комсомол лаби Амур  кишвари Хабаров  Олиферова Ольга Сергеевна -  мутахассиси   шуъба  оид  ба таҳсилоти    иловагӣ  бо   дохилшавандагон, Табаров  Бехруз - ассистенти  кафедраи энергетика  ва технологияи  электрикӣ,  Аверянова Юлия Юрьевна -  мутахассиси  деканат  оид  ба  кор  бо донишҷўёни   хориҷии Донишгоҳи  давлатии   забономўзии Нижегороди  Федератсияи  Россия  иштирок   карда,  баромад  карданд.  Ҳангоми   суханронӣ  онҳо  хатмкунандагонро    бо шартҳои  қабул  ва  таҳсили  минбаъдаи  дохилшавандагон  дар   ин   муассисаҳои  таҳсилоти  олии   касбии  хориҷӣ    шинос  намуданд. 

           Дар  охир муколамаи  озод  сурат  гирифта ,  хатмкунандагон  ба   саволҳои худ  аз  ҷониби  мутахассисон  ҷавобҳои  мушаххас   гирифтанд. 

    

     

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ