Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Даъвати ҷавонон

  Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли равон мавсими даъвати баҳории шаҳрвандони  аз 18 то 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия муташакклиона ба роҳ монда шуда, дар рӯзи аввал 37 нафар ҷавонони ноҳия ихтиёрӣ ба хизмат сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели ихтиёрон ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбии ноҳия, раиси комиссияи даъват Сафаров Н.С, инчунин, намояндагон аз қисмҳои низомии дар ноҳиябуда, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, бахшҳои ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оила, падару модарон суханронӣ намуданд.

     Қабл аз гусел, барномаи консертии ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан манзури иштирокдорони маросими гусел ба хизмати ҳарбӣ гардонида шуд. 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ