Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Ҷоми раиси ноҳия

      Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 9 то 30 марти соли 2018 дар майдони марказии варзишии ноҳия барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳия миёни Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва қисмҳои низомии дар ҳудуди ноҳиябуда, мусобиқаҳои футболбозӣ доир гардид.

      Дастаи футболи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  ғолиби мусобиқа гардида, сазовори Ҷоми раиси ноҳия гардид. Инчунин, беҳтарин бозингарони дастаи ғолиб бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

     Дар ҷамъбасти мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат иштирок карда, ғолибонро табрик намуданд. 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ