Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Ҳафтаи «Поси хотир»

     Бо ибтикори и.в. раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат аз 1-ум то 7-уми майи соли равон дар ноҳия  бахшида ба 73-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳафтаи «Поси хотир» эълон гардид. Дар доираи ин чорабиниҳо рўзи 5-уми майи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо ташаббуси роҳбарияти муассиса дар ҳамбастӣ бо Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Иттиҳоди интернатсионалистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳомиёни Ватан» ба хотираи ҷанговари башардўст, собиқ хатмкардаи ҳамин муассиса Разоқов Хайрулло чорабинии ёдбуд гузаронида шуд.

     Дар чорабинӣ раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Раҳимов Ш. раиси Иттиҳоди интернатсионалистони ноҳия Қурбонов О., инчунин ҳамяроқон ва наздикони марҳум баромад карда, аз сафҳаҳои ҳаёт ва мардонагии ин марди ҷасур ҳарф гуфтанд.

    Чорабинии мазкур бо иштироки Намояндагии Ташиклоти амъиятии умумироссиягии «Боевое братство» дар ҳудуди дивизияи 201-уми пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон, иттиҳоди интернатсионалистони ҷумҳурӣ ва минтақаи Кўлоб доир гардида, ба як қатор башардўстон барои ҳамкории фаъол ва саҳми арзанда гузоштанашон дар тарбияи ватандўстӣ ва маънавии насли наврас  нишони сарисинагӣ ва сипоснома тақдим гардонида шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Набиев И. иштирок дошт ва баромад карданд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ