Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ

                                      

      Шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротидошта, ба бегонапарастӣ, алоқамандӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ ва дигар амалҳои номатлуб майл кардани онҳо боиси ташвиши ҷомеа, мақомотҳои дахлдор ва падару модарон гаштааст.

      Бо мақсади ба ҷавонон фаҳмонида додани сабабҳои чунин ҳолатҳо имрўз дар толори муассисаи ғайридавлатии таълимии  коллеҷи тиббии ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲДТ-и дар ноҳиябуда ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» вохўрӣ бо донишҷўён баргузор гардид. Дар назди ҷавонон раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Гадоев И. баромада пурмуҳтаво карданд.  Аз рўи масъалаҳои пешгузошташуда ҷонишини директори муассиса Мақсудова Л.,  ва донишҷў Алимадова Ш. баромад намуда, таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар вохўрӣ мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Набиев И. иштирок дошт ва баромад карданд.

 

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ