Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Дарҳои кушоди Осорхонаи таърихӣ-кишваришиносии ноҳия

          Бо мақсади дар руҳияи хештаншиносӣ ва эътиқод ба маданияти халқи худ тарбия намудани  ҷавонону наврасон рўзҳои 18-19  майи  соли  равон  бахшида  ба  “Рўзи  байналмилалии   Осорхонаҳо” дар  ноҳия  рўзҳои “Дарҳои кушод”-и  Осорхонаи  таърихӣ-кишваришиносии  ноҳия ташкил  карда  гузаронида   шуд.

         Дар  ин  рўзҳо кормандони  муассисаи мазкур  ба  мактаббачагони ташрифоварда  дар  бораи таърихи  ташкилшавии   Осорхона, маълумотҳо оид ба  бахшҳои  таърихӣ – археологӣ, кишоварзӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, энтнографӣ, масъалаҳои муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ, дастхатҳои ниёгон, нигораҳои  дар  Осорхонабуда  суҳбат  гузарониданд. Шумораи умумии мактаббачагоне,  ки  тариқи  ройгон   ба  Осорхона   ташриф   оварданд, 396 нафарро ташкил дод.

         Мактаббачагон аз  ташрифи  овардаашон   ба   Осорхона  таассуротҳои  хуб  бардоштанд.

 

 

 

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ