Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Чорабиниҳо - Мулоқоту вохӯриҳои гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

       Рӯзи 24-уми майи соли равон дар Ҷамоатҳои деҳоти Даштигуло, Меҳнатобод ва шаҳраки Москва мулоқоту вохӯриҳои гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ишироки сокинон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.Мақсади баргузории чорабиниҳои мазкур ба сокинони ноҳия расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз 12 майи соли 2018 буд. Мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки васеи аҳолӣ дар сатҳи баланд ва ҳадафманд доир гардиданд. Иштирокчиён бо руҳияи баланди ватандорӣ  қаноатмандӣ ва пуштибонии худро аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми созанда, дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон изҳор намуданд. 

 

 

  

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ