Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Озмунҳо - Ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

                                                                               Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

         1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 811  сомонӣ.

        2. Мутахассиси пешбари бахши кишоварзии мақомотти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой маоши мансабӣ – 665  сомонӣ.

         3. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой маоши мансабӣ – 665  сомонӣ.

4. Мутахассиси бахши фарҳангӣ мақомотти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой маоши мансабӣ – 546  сомонӣ.

                                                                                            Мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳоти ноҳия        

         1. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ

         2. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ.

         3.Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ.

         4. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Панҷрўди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ

         5. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ.

         6. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ

          7.Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти   Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ.

  8. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 774  сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии  Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 634  сомонӣ.    

10. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози  Ҷамоати шаҳраки Москваи  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 634  сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Панҷрўди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1ҷой,  маоши мансабӣ – 634  сомонӣ.  

12. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши       мансабӣ – 634  сомонӣ.  

13. Мутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти    «Қаҳрамон»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши      мансабӣ – 520  сомонӣ.  

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

        - ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

        - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи   4х6);

        - тарҷумаи ҳол;

        - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

        - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи     меҳнатӣ надорад);

         - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

         - нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

         - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

         - нусхаи шиноснома;

        -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ  барои ишғоли мансаби  сармутахассис

        - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури  маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

        - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

        - малакаи кор бо компютер.

Талаботи  тахассусӣ    барои  ишғоли  мансаби   мутахассиси  пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби  мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

–  малакаи кор бо компютер.

Талаботи  тахассусӣ  барои  ишғоли  мансаби  мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад.

–  малакаи кор бо компютер.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ     ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳраки Москва,  кўчаи Исмоили Сомонӣ - 18, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

                   Телефон: (8-33-15)  2 - 22 - 56

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия дар муҳлати 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар нашрияҳои расмӣ  қабул карда мешаванд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ