Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - РАҲОӢ АЗ ДОМ

 

«Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

         Ба ин ҷавон, ки модараш низ ҳамроҳаш нишастааст, суҳбат дорем. Сараш хам асту аз кардааш пушаймон. «-Манро фиреб доданду тасодуфан ба онҳо ҳамроҳ шудам, мегўяд ў». Кистанд онҳо? Ба чӣ корҳо машғуланд? Бадтар хоҳем гуфт.

         - Зафархон ҳар амалеро (кореро) ибтидо асту оғозу саршавӣ. Мо шомилшавии шуморо ба ин гўруҳ оғози кор не, дом мепиндорем ва бигўед, ки чӣ гуна ба ин «дом»-и ифротгароён яки-якбора меҳмон шудед.? Охир шумо соҳиби маълумоти олӣ ҳастед-ку?

         - Дуруст мегўед. Мор вақте сайди худро дид, аввал ўро сеҳр мекунад. Сайд аз ин доми бало бехабар чун ҷўссаи карахтшуда, оҳиста-оҳиста тарафи даҳони калон кушодаи мор беҳису ҳаракат қадам мениҳад. Намефаҳмад, ки ў ба сўйи марги худ раҳсипор аст. Дар ин росто одаме бояд, ки бо асбоби вазнине ба сари мори баднафс занаду сарашро пачақ намояд, то сеҳраш канда шаваду сайди ба домаш кашидашуда раҳо ёбад.

         - Яъне, ки шумо…

         - Бале гўё, ки ба доми тазвир афтодани ман низ ҳамин тавр оғоз ёфт. Баъди хатми мактаб донишҷўйи Донишкадаи тиҷорати шаҳри Душанбе шудам. Соли 2007 баъди хатми донишкада Россия барои кор рафтам. Соли 2009 гашта омадам ва оиладор шудам. Аз соли 2009 то соли 2012 дар Бонки «Ҳумо» кор кардам. Корро партофта, ҳамон сол ҳамроҳи оилаам ва ягона фарзандам Россия рафтем. Дар шаҳри Нар-Фомински наздикии шаҳри Москва аст, ҷой гирифтем. Дар хонаи сарватманде ман ба ҳайси боғбон ва оилаам ба сифати фаррош ба кор даромадем. Мо ҳарду аз корамон розӣ будем. Ба хона низ маблағ мефиристодем.

         - Зафархон, дар мулки бегона иқболатон баландӣ карду ҷойи кор ёфтед, кори бад ҳам не, пас чӣ шуморо маҷбур кард, ки қадаматонро ба роҳи бад монед?

         - Ана ҳамаи гап ҳам сари ҳамин нофаҳмию камтаҷрибагии ман аст. Воқеа ин тавр рух дод. Тақрибан моҳҳои март-апрели соли 2014 барои адои намози ҷумъа ба масҷиди калони шаҳри Москва раҳсипор шудам. Чанд масофа дуртар аз даромадгоҳи масҷид гўруҳе ҷамъ буданду як ҷавони сиёҳриши қоматбаланд байнашон дастҳояшро ҳар тараф авлонҷ дода, вазъ мегуфт. Дигарон ўро гўш мекарданд.

         - Ў дар кадом мавзўъ суҳбат мекард?

         Мегуфт, ки мо як гўруҳи ҷавонони тоҷикистонием. Омадем то он муҳоҷирони аз Тоҷикистон омадаро  ба Ватан баргардонем ва соҳиби ҷои кор кунем. Оҳиста-оҳиста ман низ ба ҷамъомадашон наздик шудам. Онҳо ба ман таваҷҷуҳ намуданду ба қавле «нархи сабзиву пиёзро напурсида» худро шинос карданд. «- Мо аз гурўҳи 24» гуфтанд. Ва илова намуданд, ки гўруҳи мо озод  аст. Чун баромадҳо хотима ёфтанд, маро таклифи дар тарабхона (ресторан) якҷоя хўрок хўрдан карданд. Онҳо чор нафар буданд, ҳамроҳ ман се нафар. Ҳамин ҳолат боз се нафар ҷавони мисли ман гумроҳшуда, (инро баъдтар фаҳмидам) бо мо ҳамроҳ шуданд. Сари мизи хўрокхўрӣ ман суол кардам. « - Агар шумо гурўҳи озод бошед, пас вазифаи мо аз чӣ иборат аст?»

         - Мо, - ҷавоб доданд онҳо, - ҳам гурўҳамон, ҳам худамон дар корҳои тарғиботии худ озодем, сертификат дорем. (Кадом сертификат, чӣ гуна сертификат, дуруғи маҳз. А.С)

         - Агар шумо, ки озоду соҳиби ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолиятатон бошад, пас вазифаи мо аз чӣ иборат аст?    

- Шумо тавассути Интернет камбудиву норасоиҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони алоҳидаро дарҷ мекунед. Суратҳои роҳбаронро низ ҳамин тавр дар Интернет ҷой мекунед, - гуфтанд онҳо.

         - Ба ҳар кадомамон суроғаҳояшонро доданд. Расми манро гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Интернет ва «Ҳамсинфон» (Одноклассники) ҷой доданд. Ба ҳамаи ин ҷавонони ба доми онҳо афтода ва фиребхўрда, ҳатто яктогӣ майкаи бо расми роҳбарашон Умаралӣ Қувватов сабтгардида низ «ҳадя» каданд. Вақте ки ба саҳифаи онҳо медаромадаму мехондам дар ҳаққи Тоҷикистону фарзандони баруманди он чӣ бофтаҳои дурўғине наменавиштанд. Одамонро карикатура (як навъ расмҳое, ки симои одамро ҳақиқатнигорона не, балки каҷу килеб нишон медиҳад) карда, ба умум нишон медоданд. Пайт ёфта, ҳаммаслаконашонро ҷамъ намуда, митинг ташкил мекарданд. Дар баромадҳояшон ин Ватани зеборо,ки худ дар ин ҷо зода шудаанд, наҳ мезаданду дар забонашон ҳар чӣ меомад мегуфтанд дар ҳаққи фарзандони фарзонааш.

         - Шумо аз ин амалҳои тарғибкоронаашон хулоса набаровардед, ки ба ҳалқаи нангини хиёнаткорони миллат афтодаед?

         - Фаҳмидам ва дарк кардам. Ва боз онеро пай бурдам, ки мани як фарди сода, ба амвоҷи пурталотуми дарёе афтодам, ки агар аз он бо қувваи худ шинокунон ба соҳил набароям, ғарқ мешаваму нобуд. Ман инро замоне дарк кардаму фаҳмидам, ки аз нодонию гумроҳӣ дар радиои иинтернетии онҳо баромад намудам. Занам ин амалҳои манро фаҳмида, бо исрор талаб мекард, ки аз ин роҳ баргардам. – «Ин роҳи мо не, роҳи хато аст» - мегуфт ба ман. Акнун ба худ омада будаму пушаймон гашта. Аммо дер шуда буд.

         - Онҳо, ки ҳар замон пайт ёфта, гирдиҳамоиҳову ҷамъомад созмон медоданд ва дар ҳаққи ин Ватани биҳиштосо ва мардони соҳибшуҳрати он ёвагўи мекарданд, воқеан ҳам зодагони Тоҷикистон буданд?

- Бале, ҳангоми пурсиши мо онҳо худро аз ҳар гўшаи шаҳри Душанбе муаррифӣ мекарданд. Яке мегуфт, ки мо (ба 6-7 нафарӣ дар иҳотааш буда, ишора карда) аз Доманакўҳ (Нагорний), дигарон аз шаҳраки сиюсеюм, қисми дигар худро аз маҳаллаи Иттифоқҳои касаба муаррифӣ мекарданд. Аз суханрониву суханбофиашон аён мегардид, ки ин «муборизаи роҳи ҳақиқат» (ҳақиқате, ки дар вуҷудашон ширеш бикунӣ ҳам намечаспад) «тантанавор» дурўғи маҳз гуфта истодаанд. Масалан, ҳамон воизи ришдори қаддароз бо пурсиши мо, ки номи шумо чист ва макони зистатон куҷост? – чунин посух дод: «- Номи ман Абузар аст (ана ному мана номи тоҷикӣ) ва сокини Душанбешаҳр ҳастам. Чун фаҳмидаму дарк кардам ва донистам, ки кору амалашон, рафторашон, сухангўиву ваъдаҳояшон чун номҳои қалбакияшон ҳама амсоли ҳубоби рўи дарёанд, ки ҳамагӣ ба як даст расондан кафида нобуд мешаванд, дигарбора поямро дар пайраҳаи пур аз хору хас ва ноҳамвори онҳо нагузоштам, то боз ғелида гардан нашиканам. Дар давоми ҳафт моҳи дар чанголи ин гурўҳ буданам ба калимаҳои хиёнат ба Ватан, ба модар ва зану фарзанд пурра сарфаҳм рафтам. Ва акнун дарро ба рўяшон абадан пўшидам.»

- Аз куҷо фаҳмидед, ки ҳамчун ҷавон ба пайраҳае  гом ниҳода истодаед, ки шуморо ба кўи фалокат ҳидоят намуда истодааст ва дар пешорўятон чоҳест басо торику ваҳмангез?

- Баъдтар тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳӣ ёфтам, ки ин гурўҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун гурўҳи террористӣ – экстремистӣ ҳисобида шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. Дар рўйхати аъзоёни ин гурўҳ номамро дидам  ва фаҳмидам, ки нисбати мани гумроҳшуда парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва дар ҷустуҷўйи байналхалқӣ қарор дорам. Сари калобаамро гум карда будам, мехостам ҳарчи зудтар ба Ватанам баргардам, бо кадом қимате, ки бошад. Баъди  чанде фаҳмидам , ки дар Ватанам бо фармону супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуне ба тавсиб расиданаст, ки гумроҳшудагони аз Ватан дургашта ихтиёрӣ ба зодгоҳашон баргашта, мавриди таъқиб қарор намегиранд ва афв мешаванд. Метарсидам, ки биёям. Сад фикру хаёлҳо дар сарам чарх мезад. Баъди хондани мақолаҳою шунидани радио ва ҷустуҷўи зиёд қонуни мазкурро пайдо кардаму ба дурустиаш бовар намудам. Меравам ба Ватанам гуфтаму омадам. Инак, чи хеле, ки дида истодаед, ман дар Ватанам.  

***

Озод дар соҳили Панҷи ноором ором нишаста, ба садои рўҳафзои оби мусаффо гўш дода, чашм сўи қуллаҳои баланди кўҳҳои гирду атрофам медўзам. Давраи торики зиндагӣ ва гумроҳиамро ба хотир оварда, аз карда пушаймонам. Ба хаёлам кўҳҳо ҳам садо мекунанд, ки: «- Зафархон, қариб буд, ки моро дар хиҷолат монӣ, фарзанди кўҳистон, хоса фарзанде, ки дар домонаи мо таваллуд шудаасту камол ёфта, бояд ҳаргиз хиёнаткору ватанфурўш ва кўрнамак набошад. Ба ҳар ҳол иштибоҳатро фаҳмидию омадӣ мо хурсандем», мегўянд, ба нуқтае чашм дўхта мегўяд ў.

***

Ба ҳар сухану пушаймонии Зафархон модараш апаи Гулбарг, ки дар суҳбатамон иштирок доранд, ба ҳаяҷон омада ашкҳои ба рухсораҳояш ноаён шоридаистодаро бо докаи сафеди сараш пок карда, ба суҳбати мо ҳамроҳ мешавад.

- Аз он вақте фаҳмидам, ки писарам ба чунин амали нангини хилофи зиндагии орому осудаи мо даст задааст, хобу хўрро фаромўш кардам. Ҳар вақте ки ба гўшам пурсиши «- Фарзандат дар куҷост?» мерасад, гўё оташаки сўзоне дилу ҷигарамро месўзонду чанд соли умрам кам мешуд. Ба рўи хешу ақрабо ва ҳамсояҳо ёрои нигоҳ кардан надоштам. Сад бор садқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварами азизам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сўзиши қалби мо модаронро фаҳмида, боз як қонуни одилонаро баровард. Ана тавре, ки мебинед, писарам дар наздам ҳасту озоду бе ташвиш ва саломат.

Мусоҳиб Абдуҳалим САЛИМЗОДА, "Зафар"

Аз редаксия:Миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо мақоле дорад: «Аввал бубин ҷои худ, пас бимон пои худ». Дар ин ҷаҳони пурталотум, ки ҳар як ҳизбу ҳаракатҳо чун занбурўғҳои баъди борони фасли баҳор дар ин ё он гўша сар бароварда истодаанд, кас намедонад, ки ҳадафи онҳо чист. Пас кўр-кўронаю нофаҳмида ва надониста ба ин ташкилотҳо шомил гардидан корест оқибаташ пушаймонӣ. Аз ин рў, аз шумо ҷавонони азиз, ки ояндаи ин Ватани зебо, ҳимояи музаффариятҳову соҳибистиқлоли он бар души шумост, даъват ба амал меорем, ки ҳаргиз фирефтаи суханони пучу бемағз, пур аз фиребу найранги бегонагон ва соњибони ин ҳизбҳову ҳаракатҳо нашавед. Шукр аз Ватани аҷдодӣ кунеду аз оромию амонии он. Ҳар субҳ бо шукри Ватан аз ҷой бархезеду шаб бо фотиҳаи шукри он оромона сар ба болин монед. Ин Ватан аз мову шумост на аз ҳизбу ҳизбчаҳо ва ҳаракатҳои халалрасонандаи оромии кишвар. Як бор мо ваъдаҳои саросар пучу дурўғини зумрае аз ҳизбу ҳаракатҳоро дар амал дидаем. Ҳаргиз намехоҳем, ки дигарбора ин амалҳо такрор ва оромии Ватани ба ҷону дил баробарамон халалдор шавад.

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ