Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат

     /07.02.2019/ Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат бо омӯзгорон, падару модарон ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия доир гардид. Дар чорабинӣ масъалаҳои сифати таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорон, истифодаи усулҳои самараноки таълим ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами АВО, маҳфилҳои фаннӣ, дарсҳои иловагӣ, омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" баррасӣ гардид.

    Ҳамзамон, аз тарафи раиси ноҳия таклифу пешниҳод, дархост ва арзи волидайн қабул ва ба масъулини соҳа ҷиҳати андешидани тадбирҳои лозима дастур дода шуд.

 

  

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ