Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Модар фаришта буд, факат болу пар надошт

  Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чор нафар Зан-Модарони калонсолтарин, ки синну солашон аз 100 гузаштааст, зиндагӣ доранд. Инҳо сокини деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб Шарифова Ойлармои 102-сола, сокини кӯчаи Фарҳод Қаюмов, 106, Ҷамоати шаҳраки Москва Насимова Нозуки 101- сола, Абдуллоева Ойтиллои 105-сола аз Ҷамоати деҳоти Чубек ва Холмуродова Сунавари 108-сола аз Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо мебошанд.
Бо назардошти вазъи саломатии онҳо субҳи имрӯз раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода барои аёдат ва табрик ба рӯзи модар ба ҳузури Шарифова Ойлармо ва Насимова Нозук рафта, туҳфаҳои идона доданд. Воқеан, ташрифи раиси ноҳия ба зодрӯзи момаи Нозук Насимова рост омад. Модарони пиронсол Бозоралӣ Одиназодаро дуои хайр дода, дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуо намуда, барои ба нафақахӯрон диққати ҷиддӣ ва эътибор додан, сано хонданд.
Одиназода Б. вазъи иҷтимоии ҳар кадоми онҳоро омӯхта, барои дастгирӣ шахсони мутасаддиро масъул гардонд.
Дар ҳақиқат Модарон фариштаанд, балки беш аз он. Шоираи хушкалом Наргиси Муродалӣ барҳақ гуфта:
Модар на фаришта аст, на ҳур аст,
Андар назарам зи ҳарду зӯр аст...

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.