Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Тантанаи идона бахшида ба Рӯзи Модар

     Имрӯз, баъди нисфирӯзӣ дар толори филармонияи халқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба номи Одина Ҳошим, тантанаи идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Бо сухани табрикӣ раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода баромад намуда, дар бораи нақши зан - модар дар тарбияи насли наврас ва дар ин замина ҷомеа қайд намуд. Номи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Гулмаст Худоёрова собиқадорони меҳнат Гавҳарбӣ Валиева, Оқиламо Абдуллоева, Бобигул Ғаффорова, Шарифамоҳ Қосимова, Анварбӣ Ятимова, Зебо Давлатова, Рӯзгул Шарифова, Тозагул Ташрифова, Зиннатмоҳ Сатторова, Зуҳро Маҳмадмуродова, Сангимоҳ Нозимова, Ойҷонбӣ Наимова, Давлатмоҳ Аҳтамова, Бибигул Қурбонова ва даҳҳои дигарон, ки барои ободиву сарсабзии диёри азизамон хизматҳои босазо кардаанд, бо ифтихори баланд гирифта шуд.
Дар ҷамъомад якчанд нафари онҳо, аз ҷумла Ғарибгул Файзова, Кудрявсева Нина Александровна, Бескровная Таиса Ивановна ва Зуҳро Камолова иштирок доштанд.
    Сипас, озмуни мусобиқаи варзишӣ, ки байни бонувони ноҳия бахшида ба Рӯзи модар эълон шуда буд, ҷамъбаст гардида, ба дастаи ғолибон мукофотҳо тақдим гардид.
    Ҳунармандони Филармонияи халқии ноҳия ба номи устод Одина Ҳошим бо ҳунари волои худ ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуданд. Дар расмҳо рафти тантанаи идона бахшида ба Рӯзи Модар .

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.