Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

       Дирӯз, ташрифи меҳмеҳмонон аз ноҳияҳои Кушониён, Ванҷ, Исфара ва Нӯробод ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи лоиҳаи "Ҳамкории милитсия бо ҷомеа" сурат гирифт. Мақсад аз сафари омӯзишӣ шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини  тартиботи ҷамъиятии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошанд.

     Дар давоми рӯз меҳмонон аз шароитҳои утоқи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии ноҳия, майдончаи варзишии деҳаи Сафедоби деҳоти Панҷрӯд, утоқи кории Шӯрои ҷамъиятии деҳоти Панҷоб, ки дар доираи лоиҳаи мазкур бунёд шудаанд, дидан намуда, ба маҳорати толибилмони муассисаҳои таълимии №№2,54-и ноҳия дар иҷрои саҳначаҳои ибратомӯз дар мавзӯи пешгирии ришва ва ришваситонӣ баҳои баланд доданд.

     Аз ҷониби иштирокчиён ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шарикони рушд-ташкилоти байналмилалии "Дунёи бехатар" ва Ташкилоти ҷамъиятии "Заршедабону" барои ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари омӯзишии мазкур изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.