Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Озмуни ноҳиявии "Беҳтарин кумитаи маҳалла"

   Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021-"Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"  ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ, созандагою бунёдкорӣ, сохтмон дар деҳа, кӯчаю маҳаллаҳо, муайян намудани беҳтарин раисони маҳаллаҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва қадршиносию ҳавасмандгардонии онҳо озмуни ноҳиявии "Беҳтарин кумитаи маҳалла" ташкил гардидааст, ки натиҷаи он охири соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардад.

    Озмуни мазкур тамоми самтҳои фаъолияти кумитаҳои маҳаллаҳоро дар бар гирифта, он дар ду давр, даври аввал дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва даври дуюм дар ноҳия гузаронида мешавад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.