Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ

 

    Чун техника мушкилкушои деҳқон аст, ҳамасола дар арафаи кишту кори баҳорӣ омодагии пурраи онҳо санҷида мешавад ва ба қавле аз ташхиси техникӣ мегузаранд. Имсол бо супориши раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, кормандони муҳандисӣ – техникии Раёсати кишоварзии ноҳия ба санҷиши техникаҳои хоҷагии қишлоқи ноҳия дар мавсими корҳои саҳроӣ истифодашаванда, оғоз намуданд.

 

     Акнун чун солҳои қаблӣ техникаҳо на дар як ҷо, балки дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳот аз назорати техникӣ гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки санҷиши аввалини техникаҳои хоҷагии қишлоқ рўзи 15 феврали соли 2019 дар маркази ноҳия сурат гирифта буд. Дар санҷиши аввалин 138 адад техникаҳои ба кишти баҳорӣ омода, аз назари мутахассисон гузаронда шуданд. Ҳайати комиссия ба қабули техникаҳои номбурда ба чунин хулоса омаданд, ки техникаҳо дар ҳудуди ҳар як ҷамоати деҳот санҷида шуда, камбудиву норасоиҳо дар ҷояш бартараф карда шавад. Аз рўи маълумотҳо то имрўз дар ноҳия 593 адад техникаҳои кишоварзӣ мавҷуданд.

      Аз рўи реҷаи махсус ва нақшаи омоданамудаи Раёсати кишоварзӣ аввали моҳи март чунин санҷиш дар Ҷамоатҳои деҳоити Меҳнатобод ва «Қаҳрамон» сурат гирифт. Тибқи маълумоти мавҷуда дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод 110 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд аст. Аммо аз бемасъулиятии шахсони мутасаддӣ миқдори хеле ками онҳо барои санҷиш оварда шуданд. Масалан, аз 19 адад тухмипошак ҳамагӣ 6-адад барои санҷиш оварда шуду халос, ки ин ҳамагӣ 30 фоизро ташкил мекунад.

      Дар Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» бошад, дар рўзи санҷишу қабули техникаҳои кишоварзӣ аз 80-адад техникаҳои мавҷуда ҳамагӣ 25-адад (32 фоиз) ва аз 9-адад тухмипошак ҳамагӣ 7 адад (78 фоиз) аз санҷиш гузаронида шуданду халос. Қайд карданием, ки дар ин ҷо низ як фориғболӣ ва бемасъулиятӣ оиди омодагии техника ба мавсими кишту кор эҳсос карда мешавад.

       Чунин бепарвоӣ ва саҳлангорӣ дар Ҷамоати деҳоти Чубек бараъло ба чашм расид. Аз фориғболии масъулон на ҳамаи механизмҳои тухмипошак ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаро гирифта шуда буданд. Аз 8 адад тухмипошак фақат 1-тоашро даъват кардаанд, ки мутааллиқ ба хоҷагии деҳқонии “Хоксор” буд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки чорабинии мазкур дар Ҷамоатҳои деҳоти Панҷрўд ва ба номи С. Турдиев  босамар ва мувофиқи мақсад баргузор гардид.

      Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ аз баҳам овардани деҳқонону механизаторон барои самаранок ва сарфаву сариштакорона амалӣ намудани кишти пахта ва роҳ надодан ба камбудиҳои соли гузашта буд.

       Раисони Ҷамоатҳои мавриди танқид фаро гирифта (С. Шарифов, и.в. Ф. Шовалиев), маҳз ба хотири такрор наёфтани камбудиҳои соли хоҷагии пешин мебоист тамоми мутахассисон ва мутасаддиёни мавсими кишту кори баҳориро боҳам меоварданд ва аз тартиби коркарди замин, чен кардани ҳарорати замин, кор бо пухмипошак ва қисмҳои ҷудогонаи он ҳангоми кишти пунбадона ва монанди инҳоро огоҳтар мегаштанд, ки афсўс ин кор нашуд.

     Хуб мешуд, ки шахсони мутасаддӣ ба чунин чорабиниҳои муҳим омодагии пешакӣ бинанд. Чун мутахассисони ба қабули техникаҳо сару кор дошта,ки барои ташхис омаданд, на нисф, ё аз нисф хеле ками онҳоро, балки ҳамаи техникаҳоро аз назар гузаронанд.

Мусаллам аст, ки чунин санҷишҳо оиди тайёрии техникаҳои хоҷагии қишлоқ ва маслиҳати мутахассисон боиси пешравии корҳо мегардад.

    Маҳдӣ ОРИФЗОДА,

сардори Раёсати кишоварзӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.