Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ободкорӣ мароми мост

 

         Сокинони ноҳияи мо баҳри ободонию созандагӣ дар кишвар ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода, ин амали некро аз хонаву дари худ, кӯча ва маҳалла, деҳаву деҳот оғоз карданро қарзи худ медонанд.

-Эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои се соли минбаъда, рӯҳияи мардуми моро хеле баланд бардошт, мегӯяд Анваралӣ Каримов, сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод.

Воқеан, баъди эълон шудани солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  дар ноҳия нахустин шуда, соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳоти Меҳнатобод ба таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ шурӯъ карданд. Аз ҷумла, роҳи  деҳаҳои Гулобод то Меҳнатобод дар масофаи 1,8 км ва аз деҳаи Меҳнатобод то деҳаи Дӯстӣ 3,4 км бо шинондани пояҳои фурӯзонакдор, пиёдароҳ ва ҷўйборҳои обрав азнавсозӣ шуда истодааст. Барои ин амали савоб ва хайр дар корҳои сохтмонӣ беш аз 6 млн. 240 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Дар азнавсозии роҳ зиёда аз 70 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Ин амали хайр бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  зимни сафари корӣ аз дастгирии мардуми ин деҳот аз даъвати Пешвои муаззами миллат нисбати рушди деҳот дидан карда, бо мардум суҳбати самимӣ доштанд.

Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода зимни ташрифашон аз нуқтаи хизматрасонӣ дар деҳаи Меҳнатобод, ки масоҳати 220  метри мураббаъ сохта шуда, барои 10 ҷойи корӣ иборат аз нуқтаи фурўши сўзишворӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ, шустушўи мошинҳо ва қолинҳо иборат аст дидан ба амал оварданд.  Сохтмони бино бо таҷҳизоташ бо маблағи 110000  сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Достиев Ёқуб ба анҷом расидааст.

Сокинони деҳоти Меҳнатобод ҳангоми вохӯрӣ бо меҳмонон иброз доштанд, ки ҳамеша аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Сарвари давлат, Президенти кишвар ҷонибдорӣ менамоянд ва ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки дар ин самт намунаи дигарон бошанд.

-Ободкорӣ мароми мост ва мо ҷавобан ба  ғамхориҳои Роҳбари давлат меҳнати дучанд намуда, дар сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии истиқлолияти Тоҷикистони азиз ҳиссаи худро иегузорем,- гуфт ҳини суҳбат бо Сарвазири кишвар Исмон Икромов, собиқадори меҳнат аз деҳаи Меҳнатобод.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.