Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Саноатикунонӣ – татбиқи илм дар истеҳсолот

      Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа доштанд, ки “Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.

      Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад ”

     Бе шакк саноатикунонӣ асосан татбиқи илм ва дастоварҳои илмӣ дар истеҳсолот аст. Рушди соҳаи саноат дар ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ ҳарчанд, ки қаноатбахш нест, вале назаррас аст.

     Ҳангоми сафари кории Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода аз ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон», ки дар масоҳати 2304  метри мураббаъ сохта шудааст ва бо таҷҳизоти замонавӣ буда, зиёда аз 40  ҷойи корӣ дорад, дидан кард.  Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ то 2 ҳазор адад  халтаи полиэтиленӣ дар як шабонарўз мебошад. Ҳаҷми маблағи сохтмони бино бо таҷҳизоташ 2595720  сомонӣ, аз тарафи соҳибкор  Мирзоев Ҷиёнхон ба анҷом расидааст. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ҷавони соҳибкор барои чунин иқдоми созанда, ташаккур баён намуда, фаъолияти босамари онро орзу намуд. Бо коргарони ин корхона, ки духтарони маҳаллӣ буданд ва банду басти таҷҳизотҳоро хеле хуб иҷро мекарданд, таҳсин гуфт. Ҳамчунин барои ҷоннок намудани дигар фаъолиятҳо дар радифи корҳои иҷромешуда, маслиҳатҳои муфид доданд.

      Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода бо сокинони деҳоти “Қаҳрамон”, ки дар остонаи корхона  суҳбати хубе доштанд. Онҳо иброз доштанд, ки дар ҳама шароиту вазъият дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар фаъолияти бунёдкориву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунанд.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.