Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз ғамхории Ҳукумати кишвар бархурдорем

          Ба ҳар сокини ноҳия аён аст, ки сол аз сол вазъи иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Махсусан, барои сокинони маҳаллаҳои навбунёд, ки тӯли соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон зиёд шуда истодаанд, рӯшан ба чашм мерасад.

        Дар арафаи ташрифи Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода, сокинони мањаллаи навбунёди деҳаи Сафар Гадоии Ҷамоати деҳоти Панҷрўд пурра бо хатти барқи доимӣ бо насби трансформатор ва кашидани хатњои барқӣ, (бо тавоноии зеристгоҳи барқии  630 кв, хатти барқии 10 кв) таъмин гардиданд. Барои ин амали нек дар масофаи 3,2 км 80 адад пояҳои оҳану бетонӣ шинонда шуданд.

        -Рӯҳияи мардум, баъди эълон шудани солҳо 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нисбати ободониву созандагӣ хеле баданд шудааст, - гуфт Илҳом Шарифзода, сардори идораи Шабакаҳои барқи ноҳия, ҳини суҳбат ва идома дод, - барои ин амали нек ва ғамхорона нисбати мардум 320 њазор сомонї харҷ шудааст. Бояд гуфт, таҷрибаи солҳои охир нисбати дастгирии соҳибкорон ва ҳамкорӣ бо онҳо дар анҷоми корҳои хайр натиҷаҳои хуб ба бор меоварад ва намунаи ин амал маҳз ҳамин кор аст. Шабакаҳои барқи ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ин дар муҳлати кӯтоҳ, ин амали хайрро ба анҷом расониданд.

         Сарвазири кишвар дар ифтитоҳи ба истифода додани зеристгоҳи барқии  630 кв, хатти барқӣ барои ин маҳаллаи навбунёд иштирок намуда, бо мардум хеле суҳбати самимӣ намуданд.

         -Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шудаанд. Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноид шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра  бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ содирот кардем. - қайд шудааст дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, зикр намуданд Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода.  Ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои содиркунандаи барқ табдил хоҳем ёфт, - гуфтанд дар поёни суҳбаташон бо мардум Қоҳир Расулзода.

         - Оре, мардуми мо аз ҳамаи ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, алалхусус Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд. Мо ҳамеша сиёсати хирадмандона ва созандаи Сарвари давлатро ҷонибдорем, - гуфт дар суҳбат бо Сарвазири кишвар, сокини Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд Искандар Латифов.

      Дар суҳбат бо мардум раиси Ширкати ҳолдингии “Барқи тоҷик” Исмоилзода Мирзо Иброҳим иштирок дошт ва ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатманд дод.

                                                                                                                                                                  Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.