Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Варзиш қосиди сулҳ

 

           Кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон солҳои охир дар соҳаи варзиш дар арсаи ҷаҳонӣ нишондоҳои баландро соҳиб шуда истодааст. Ҳамаи ин комёбиҳо самараи истиқлоляти комили кишварамон маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин дар сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш мақомаи баланд дорад.

           Ҳини ташрифоти расмии Сарвазири мамлакат ба ноҳияамон ду  майдочаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ ба истифода дода шуд.  Яке майдончаи варзишӣ дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» дар масоҳати   1464 метри мураббаъ бо алафи сунъӣ рӯйпӯш шуда ва бо воситаҳои машқҳо гуногун муҷаҳаз  ва панҷараҳои ороишӣ печонда, дорои майдончаҳи футболи хурд ва баскетбол мебошад. Сохтмони он аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хушвахтов Абдуҷаббор  бо маблағи 180000 сомонӣ  анҷом шудааст.

          Дигар майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб дар масоҳати  800 метри мураббаъ , бо алафи табиӣ рӯйпӯшшуда, бо панҷараҳо маҳкам карда, иборат аз майдончаҳои футболи хурд ва баскетбол мебошад. Сохтмони он аз ҷониби соҳибкор Шарифов Раҳмоналӣ бо зиёда аз  100000 сомонӣ аз ба итмом расидааст. Дар деҳаи Сайроб меҳмонон, ҳамчунин аз маркази хизматрасонӣ ва савдо, ки барои фаъолият омода кардаанд, тамошо карданд. Ин иморат дар масоҳати 48 метри мураббаъ сохта шуда, барои 5 нафар ҷойи корӣ муҳайё шудааст. Сохтмони иншооти ҷашнӣ  дар ҳаҷми 70000  сомонӣ  бо таҷҳизоташ аз тарафи соҳибкор Одинаев Аслам сохта шудааст.

        Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ лентаи рамзии ҳарду майдончаро бурида, бо варзишгарону сокинони амоатҳои деҳоти “Қаҳрамон” ва Панҷоб сухбати самимӣ намуд. Аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ барои ояндаи ҷавонон гуфта истода,  бо суханони Пешвои муаззами миллат, ки 14 феврали соли 2018 дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш намуданд, оғоз намуд:

      -“Ба хотири муаррифии дастовардҳои варзишгарони кишвар, таърихи рушди варзиш дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҷалби насли наврас ба ин соҳаи муҳим корҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд... мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим ба намудҳои гуногуни варзиш ва обутоби бадан эътибори зиёд медоданд. Бо дарназардошти ин, дар муддати беш аз 26 соли истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳо рушди варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба хотири оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ Парчами давлати Тоҷикистонро зиёда аз 4000 маротиба баланд бардошта, дар оғози ин чорабиниҳои варзишӣ дар қатори дигар кишварҳо Суруди миллии мо садо додааст.” Барои ин мақсадҳои бузург ба ҳамаи Шумо варзишгарони ҷавон комёбиҳои беназир орзу мекунам, - гуфт дар поёни суҳбат сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода.

     Сокинони деҳоти “Қаҳрамон”ва Панҷоб ҳини суҳбат бо Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода,  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноњия Бозоралї Одиназода иброз доштанд, ки дар ҳама шароиту вазъият дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар фаъолияти бунёдкориву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунанд.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.