Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2019 ДОИР ГАРДИД

     12 апрел соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои тарақиёти рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид.

      Оид ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят дар семоҳаи сипаригардидаи соли ҷорӣ муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович баромад намуда, дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор дод.

     Сипас, Раиси вилоят аз рӯи натиҷаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ раисони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ ва Дӯстӣ ва масъулони дахлдори Сарраёсати кишоварзӣ, раёсати андоз, саноат, муҳити зист, маориф, тандурустӣ, раисони шаҳраку деҳот ва масъулини дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурсида шуданд.

      Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда дар давраҳои минбаъда ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.

     Аз рӯи баррасии масъалаҳои мавриди муҳокима қарор гирифта ва вазифагузории минбаъда, маҷлис қарори дахлдор қабул намуд.

Дар фароварди маҷлис аз рӯи натиҷагирии ҳайати тадорукоти озмунҳои “Ободкори Ватан” ва “Сайри гули лола” ба ғолибон ҷоизаҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳои молии раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.