Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Бахшида ба 58-солагии парвози инсоният ба кайҳон

      Рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бахшида 58-солагии парвози инсоният ба коинот ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки хонандагон ва омӯзгорони муассиса баргузор гардид.

     Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса ҳусни оғоз бахшида, сипас омӯзгорони фанҳои физика ва математика Файзуллоева А, Каримов И. бо баромадҳои пурмазмун ва ҷолиби худ оид ба кашфи коинот ва аввалин парвози инсоният, ки аз тарафи Ю.А Гагарин  дар санаи 12 апрели соли 1961 ба амал омода буд, маълумотҳои муфассал доданд.

      Сипас хонандагони зинаи сеюми таҳсилот Садриддинова М. Холова Н.Дилнавози С. Боймуродов Ф ва дигарон дар мавзӯҳои ""Суръати якуми кайҳонӣ", "Нахустин парвози инсоният ба коинот", "Кайҳон" ва "Суръати рӯшноӣ" баромад намуда, бо хонандагон оид ба ин мавзӯҳо саволу ҷавоб гузаронида, баҳсу мунозира намуданд.

     Дар охири чорабинии баргузоргардида хонандагони фаъоли чорабинӣ бо ифтихорномаҳзои таъсисдодаи муассисаи таълимӣ мукофотонида шуданд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.