Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҳифзи саломатӣ воҷиб аст

    Ҳудуди деҳоти Панҷоби ноҳия он рӯз намуди идона дошт. Ҳамаи хурду калони деҳот ба пешвози Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Олимзода Насим Хоҷат ва дигар шахсони расмӣ омада буданд.

 

     Дар деҳаи Сайроби ин деҳот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Олимзода Насим Хоҷа ҳангоми кушодани маркази саломатӣ, ки дар масоҳати 586  метри мураббаъ дар шакли замонавӣ сохта шудааст ва иборат аз 9 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон аст, ҳозиринро табрику таҳният гуфтанд. Сохтмони маркази саломатӣ бо харҷи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон Мирзоалиев Зоир ва Қурбонов Шералӣ ба анҷом расидааст

-Чунин шароитҳоро барои аҳолии маҳал муҳайё намудан, бешубҳа нишонаи ҷавонмардист ва аз ҳидояти Пешвои муаззами миллат сарчашма гирифтааст, - гуфт зимни суханрониаш Қ. Расулзода.

    Сарвазири кишвар ва раиси вилоят аз дидани кӯшишу ғайрати соҳибкорон қаноатманд шуда, сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон – Тоҷикистони маҳбубро таъкид карда, ба тамоми сокинони деҳоти Панҷоб барои амалӣ намудани ниятҳои некашон комёбиҳо таманно намуданд.

     -Мардуми сарбаланди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ борҳо садоқати худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд. Мо минбаъд низ бо тамоми неру ташаббусҳои созандагию ободгардониро идома хоҳем дод, - гуфт Раҳмоналӣ Шарифов, собиқадори меҳнат.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.