Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАТИҶАҲОИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

     13 апрели соли ҷорӣ дар толори Филармонияи халқии ба номи Одина Ҳошим зери роҳбарии раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид.

       Аз рӯи мавзӯи дар рӯзномабуда, муовини аввали раиси ноҳия Холиқов Алихон Буриеви маъруза намуда, оид ба дастовард, камбудӣ ва норасоиҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро дар семоҳаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор дод.

      Пас аз он, раиси ноҳия аз рӯи натиҷаи иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ аз муовинони раиси ноҳия, ки соҳаро роҳбарӣ мекунанд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар мавриди ҳисоботҳои оморӣ ва тафовут доштани маълумотҳо бо маълумотҳои дар вилоят баррасишуда, бемасъулиятӣ дар мавриди ҷамъбасти барномаҳои соҳавӣ, нодуруст пешниҳод намудани маълумотҳо ва бетафовутиву бемасъулиятии баъзе роҳбарон эродҳои ҷиддӣ гирифт.

      Баъди таҳлилу баррасии мавзуъи ҷамъомад, раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба ваҷҳи ислоҳи камбудиву норасоҳои ҷойдошта ва вазифаҳо дар оянда ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

      Дар ҷамъомад сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Мирзохон иштирок дошт ва баромад намуд. Ҳамчун намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Тоқикистони азиз аз ҳозирин тақозо намуданд, ки дар давраҳои минбаъдаи соли равон дучанд меҳнат намуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтари истеҳсолӣ кӯшиш намоянд.

Дар охир аз рӯи масъалаҳои мавриди муҳокима қарор дошта ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда, маҷлис қарори дахлдор қабул намуд.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.