Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Масъулият мебояд

       Дар ҷаласаи назоратӣ  нахуст Дипломи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи ҳайати ноҳия дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода супорида шуд.

      Ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия бештар ба таъкиди камнур будани масъулияти аксар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар фаъолияташон, зиёда аз ин пешниҳоди маълумотҳо ба ниҳодҳои болоияшон бо тафовути маълумотҳо дар семоҳаи аввали соли 2019 буд. Раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат фаъолияти роҳбарони зикршударо нокифоя дониста, барои минбаъд такрор нашудани ин амалҳо тадбирҳоеро муайян намуд.

       Муҳтавои асосии ҷаласаи назоратӣ пеш аз ҳама рафти ҷамъ намудани маблағҳои андоз барои моҳи апрел, пешниҳод намудани маълумот дар бораи сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи андоз дар семоҳаи якум ва қарздории ташкилоту муассисаҳо, корхонаю хоҷагиҳо аз андоз, пешниҳоди маълумоти аниқу муфассал оид ба ҳар як намуди қисми хароҷотии буҷа соҳа ба соҳа, ҳолати сабзиши ниҳолҳои пахта ва ба роҳ мондани коркарди байни қаторҳо(култиватсия)-и пахтазор, пешниҳоди ҳисобот ва таҳлили дақиқ оид ба ченаки кишти заминҳои пахта вобаста ба ҳар як ҷамоат ба таври алоҳидагӣ, ҳолати саффарбарсозии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди маълумотҳои аниқ дар бораи ҳолати чорвои калони шохдор ва майда баъди зимистонгузаронӣ ва омодагиҳо барои фиристонидани чорво ба чарогоҳҳои тобистона, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ ва пешниҳоди маълумот, пешниҳоди ахбор оид ба рафти ислоҳи камбудиҳое, ки дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ баён гардиданд буданд.

        Дар рафти тахлилу баррасии масъалаҳои дар рӯзномабуда, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат бештар ба ҷанбаи сари вақт ва дар муҳлат иҷро нашудани чорабиниҳои қаблан андешидашуда сухан карда, роҳбарони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маориф, комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, комиссариати ҳарбӣ, бахшу шуъба, раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва чанде дигоронро бевосита пурсиданд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

,

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.