Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

     Дар озмун мудири бахши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Каримова ҳамчун аъзои Комиссия иштирок намуд.

    Бо 7 нафар довталабе, ки барои ишғоли мансабҳои холии мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Чубек, сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Панҷрўд, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти   ба номи С. Турдиев, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти   Даштигуло ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд, дар доираи талаботи Низомнома суҳбат гузаронида шуда, аз онҳо тибқи қарори ҷаласаи Комиссияи озмунӣ ба 3 нафар барои ишғоли мансабҳои интихобкардаашон тавсия дода шуд. Як нафар холи  муқарраршудаи гузаришро барои ишғоли мансаби холӣ ба даст наоварда, се нафари дигар бо сабаби ҷавобгў набудани таҳсилоту собиқаи корӣ ба талаботи тахассусӣ ба суҳбат тавсия дода нашуданд.  

 

  

  

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.