Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАР ҶОЕ ИХТИЛОФ ҲАСТ, ҲАЛОВАТИ ЗИНДАГӢ НЕСТ

ДАР ҶОЕ ИХТИЛОФ ҲАСТ, ҲАЛОВАТИ ЗИНДАГӢ НЕСТ

 

Имрӯз дар ҷомеаи муосир ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият карда истодаанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон, дар натиҷа, сар задани ихтилофоти ҳизбию мазҳабӣ мегарданд. Имрӯзҳо дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман намуда, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Паёмбари ислом (с), онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динию мазҳабӣ медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «доиён» Расули Худо (с) чунин фармудаанд: «Гурӯҳе аз даъватгарон бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим, 3977).

Дини мубини ислом дастур додааст, ки бо хешу ақрабо, ҳамсоягон, ёру дӯстон муносибати хубро барқарор намоем, аз дилҳои худ кинаву адоватро дур созем ва ба ашхосе, ки аз сабаби надонистани ҳақиқат нисбат ба давлату ватани худ ғаразе дар дил доранд, насиҳат намоем. Чунин як ҳизб дар Тоҷикистон бо номи наҳзат дар асри гузашта хуруҷ карда, худро “адолатхоҳ” ва “ҳақиқатҷӯ” меномид. Таълимоти онҳо бо исломи ноби Муҳаммадӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Чунин ақидаҳо дар дили ҷавонони мо шакку тардид эҷод намуда, ба ин васила итминон ва бовариашонро нисбат ба ин гуна ашхоси ихтилофангез дур сохта, ба эътироз водор намуд. Дар ҳақиқат эътирози ҷавонон дар назди сафоратхонаи Эрон эътирози саривақтӣ буда, қобили дастгирӣ ва ба манфиати мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикистониён мебошад.

Оё ягон мусулмон бовар мекунад, ки мо тоҷикон монанди ташкилоти экстремистию терррористии ҲНИТ мухолифи дину мазҳаби хеш бошем? Ҳамин буд, ки имрӯз баъзе ҷавонони фиребхӯрда ва дунболарави ҳизби террористии ҲНИТ дар баробари бародарони исломии худ бисёр беадаб ва машғули ихтилофу кинатӯзӣ мебошанд. ТЭТ ҲНИТ ва амалкардҳои эшон боиси эҷоди ихтилоф ва омилҳое мебошанд, ки сабаби ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳои дохилӣ гардида буд. Мисоли ин парокандагӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, дар ниқоби ислом рехтани хуни ҳазорон мусулмони бегуноҳ, вайронӣ ва фасоди давлат дар якчанд кишварҳои исломӣ шуда метавонад. Маҳз ворид шудани ақидаҳои фосиду бегона сабаби асосии низоъҳои мазҳабӣ ва динӣ гардида истодаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар кас бояд ба ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода буда, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад.

Чанд сол пеш пайравони ҳизби террористии ҲНИТ, ки аз асли дин огоҳ набуданд, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯр-кӯрона тақлид намуда, дар масҷиду маҳфилҳо худро аз ҷомеа ҷудо карда, миёни мардуми мусулмони тоҷик ихтилоф эҷод намуданд. Дар натиҷа кор то ҷое расид, ки мардум якдигарро дашному таҳқир медоданд.

Воқеан, дар ҷое, ки чунин ашхоси муғризу фитнаангез вуҷуд дорад, фазои кинаву кудурат ва якдигарбадбинӣ, хушунат, кибр, ғурур мавҷуд аст. Шахси мусулмон он ҷо ҳаловати зиндагиву диндориро эҳсос намекунад, чунки он ҷо мухолифат асту бадбинӣ.

Хулоса имрӯз барои ҷомеаи шаҳрвандии мо хусусан ҷавонон зарур аст, ки фазилати сулҳ ва меваи ваҳдатро дарк намуда, аз ҳар гуна ошубу фирефтагариҳое, ки аз ҷониби баъзе хоҷагони хориҷӣ барои вайрон кардани афкору андешаҳои ҷавонон тарроҳӣ карда мешавад, ҷилавгирӣ намоянд. Зеро пайравӣ кардан аз ҳар гуна равияҳову ҷараёнҳои тунгарои беаслу асос ин боиси нооромии кишвару ҷомеа гардида, сабаби нооромӣ дар ҳар як хонадони мардуми тоҷик мебошад.

 Роҳатшо Ҳабибзода,

Мудири кафедраи аҳодиси набавии

 Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Бознашр аз http://din.tj/?q=node/886

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ