Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ САМАРАБАХШ МЕШАВАД, АГАР...

Вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсоният таъсири амиқ мегузорад. Таъсири ин омилҳо аслан манфӣ мешавад, зеро зуҳуроти номбаршуда, худ хушоянд нестанд. Дар сатҳу мақомҳои гуногун дар ин хусус андешаю кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад, аммо ин кӯшишҳо муассир буда наметавонанд, то даме ки тамоми ҷомеаи башарӣ якдилу якмаром набошанд. Ба наздикӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар Душанбе баргузор гардид. Конфронси дурӯзаро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барпо намуд. Конфронс дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ доир гардида, дар кори он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони воломақоми СММ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Барои иштирок дар кори конфронси Душанбе беш аз 400 нафар меҳмонон аз 46 кишвари саросари ҷаҳон ва 30 ташкилоту ниҳодҳои байналмилалӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ даъватӣ буданд. Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур таҳкими ҳамкорӣ дар самти ошкор ва пешгирӣ кардани фаъолияти террористии фаромарзӣ, густариши заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ байни давлатҳо, баррасии мушкилот ва монеъаҳо дар роҳи амалисозии тадбирҳои зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар мубориза бо киберҷинояткорӣ унвон мешавад. Баргузории чунин маҳфилу ҷамъомадҳо судманд буда метавонад, агар ба ҷуз изҳори назарҳо ва радду бадали таҷрибаю имконот дар амал иқдом карда шавад. Дар иҷрои ин амр ҷидду ҷаҳди мамлакатҳои ҷудогона пурра самарабахш намегардад, ҳама аҳли ҷомеаи башар бояд якдилона амал кунанд ва аз стандартҳои дугуна кор нагиранд. Зеро ҳамагон шоҳиди онем, ки баъзе аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ зери ниқоби мубориза бо терроризму даҳшатафканӣ ба кишварҳои дигар ҳуҷум карда, ё ба гурӯҳҳои ҷудогона мадад мерасонанд, то авзоъро тағйир диҳанд ва ба ин васила ба даҳшатафканӣ мусоидат мекунанд!

Бознашр аз http://din.tj

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ