Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Эй, ки дастат мерасад, коре бикун . . .

         Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дурустии худро собит намудааст.

        Ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса,дар пайи дастгирии сиёсати инсонгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии кӯдакистону таълимгоҳҳо кори хайреро ба анҷом мерасонанд.

        Мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳия Нигинамо Баёнзода ба кӯдакистони №2-и ноҳия дар ҳудуди 1500 сомонӣ 1 адад телевизор, 1 адад ҳавотозакунак ва1 адад дастгоҳи намоишдиҳӣ тавассути диск туҳфа намуд.

       -Мактаби ҳар қавме, ки обод аст, вай соҳиби мулки худ мешавад, таъкид намудаанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бинобар ин мо дар навбати худ вобаста ба имкониятҳоямон мехоҳем дар ин ободӣ, ҳарчанд ночиз бошад ҳам, ҳиссаи шахсии худро гузорем, - мегӯяд Нигинамо Баёнзода 

      Мудири кӯдакистон Раҳмонова ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ҳидоятгари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ноҳия мебошанд, изҳори сипос намуда, ба Баёнзода Нигина аз номи волидони тарбиягирандагон, кормандони муассиса ва шахсан кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд. Барои самарабахш ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ҳамаи ҷидду ҷаҳдамонро равона мекунем, - гуфт ҳини хайрухуш бо меҳмонон  Раҳмонова

 

  

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.