Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Кумак ба камбизоатон

      Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дурустии худро собит намудааст.

     Ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса, дар пайи дастгирии сиёсати инсонгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат барои дастгирии шахсони камбизоат кори хайреро ба анҷом мерасонанд.

     Сардори Кумитаи идораи замин дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Ташрифов Мунаввар дар арафаи Иди Саиди Фитр ба як оилаи камбизоату ниёзманд, сокини деҳаи Кодараи Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд Валиева Нуқра Мадмусоевна 1 сар чорвои калони шохдор кумак намуд.

     Чунин амалҳои хайр қариб, ки ҳар рӯз дар ноҳия ба қайд гирифта мешаванд.

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.