Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Амалҳои хайриявӣ

         Имрӯз дар кишвари азизамон шароиту имкониятҳои нав ба нави ташакулли шахсият фароҳам омада истодааст. Ин шароит бо пешрафти илму тамаддун ва тарақиёти фикру ақл ҳамоҳанг мебошад. Алалхусус, дар мақоми худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштани муқаддасоти динӣ аз ҳар вақт дида, имкониятҳои мувофиқ фароҳам оварда шудааст.

        Бахшида ба Иди саиди Фитр табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз тарафи сархатиби масҷиди ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта    ба аҳолӣ расонида шуданд. Дар намози иди Фитр фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон аз назари Пешвои миллат ба мардум расонида шуда, таъкид гардид, ки аҳолӣ аз зоҳирпарастӣ, намоишкорӣ, исрофкорӣ ва харҷи беҳуда худдорӣ намуда, садақаи фитр ва хайротро ба хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат расонанд.

         Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби садақаи фитр ва маблағҳои хайриявии хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, ҷамоатҳо, маҳаллаву деҳаҳо ва ходимони дин ба шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни ҶБВ, қисмҳои низомию дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, боғчаву бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази тавонбахшии кўдакони маъюб як сар чорвои калони шохдор, 30 сар гўсфанд, маводи озуқа, аз қабили орд, равған, гўшт, шакар ва таҷхизотҳои тиббию дастгоҳи масҳкунӣ ба маблағии умумии 491672 (чорсаду наваду як ҳазору шашсаду ҳафтоду) сомонӣ кумак расонида шуд. Инчунин, аз ин ҳисоб хонаи як нафар шахси камбизоат дар ҷамоати деҳоти Даштигуло ба маблағи 12000 сомонӣ таъмир карда шуда, барои таъмири роҳу кўчаҳо 10250 сомонӣ маблағ харҷ карда шуд (маълумот замима мегардад). 

        Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ масъалаҳои мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ба камбизоатону муҳтоҷон, ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат расонидани хайроту садақа  ва ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ сафарбар намудани аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Зеро чӣ тартибе Шайх Саъдӣ мефармояд:

Гавҳари қимат зи гавҳарҳо дар олам одам аст.

Алалхусус, дастгирии ин гавҳари қимат, ки ҳидояти ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.