Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ситоди зимистонгузаронӣ

 

       Дирӯз таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат ҷаласаи навбатии ситоди ноҳиявӣ “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” гузаронда шуд.

       Дар ҷаласа ахбори раиси ситоди зикршуда, муовини раиси ноҳия Нусратулло Сафарзода, муовини раиси ситод мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мансур Сафаров шунида шуд.

      Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ҳар моҳ аз рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои чорводорӣ, бозор, ҷамъияти матлубот ва дигар масъулон шунида шуда, барои пухтатар омода кардани соҳаҳои иҷтимоию иҷтисодии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад,- зикр намуд раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода.

      Роҳбарони як қатор идораву муассисаҳо аз қабили молия, маориф, тандурустӣ, бозор, ҷамъияти матлубот оид ба тайёриашон дар таъмири муассисаҳои таълимӣ ва оинабандии онҳо, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, захираи ангишт ва хӯрока ва мусоидаташон дар кушодани нуқтаҳои иловагиифурӯши нуқтаҳои фурӯши ангиш ва дигвр номгӯи сузишворӣ шахсан пурсида шуд. Ҳамчунин масъулони зикршуда вазифадор гардиданд, ки аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар моҳ ба ситоди зимистонгузаронӣ ахбори хаттӣ ирсол намоянд. Илова бар ин, рафти захираи хошоки дурушт ва дигар ғизоҳо дар соҳаи чорводорӣ низ мавриди пурсиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

     Ҷаласа бо қабули қарори муайян нисбати омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ҷамъбаст гардида, барои давраи навбатӣ вазифаҳо мушаххас гардиданд.

 

  

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.