Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ба дониш ҷаҳон тавон ёфтан

      Раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат оид ба сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои кории ҳафтаи гузашта пурсон шуда, аз иҷрои пастсифати баъзе корҳо изҳори норизоӣ намуданд. Тъкид кардан, ки ҳамаи корҳо дар асоси пайванди илм бо истеҳсолот бояд сурат бигирад. Аз ҷумла нисбати омодагии пухта дидан ба вохурии саноатчиён, ки бояд самараи нек диҳад, бештар таъкид карданд. Ҳамчунин, аз рафти корҳо дар сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ аз омодагии қабули онҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдат, ки сарҳисоби онро роҳбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Латифи Шералӣ ҳеч намеравад, интиқод карданд.

      Дар ин ҷаласа низ раис аз вазъи  хоҷагиҳое, ки заминҳои зиёди таъиноти чарогоҳ доранд, вале чорво надоранд ва ҳамчунин хочагиҳое, ки чорво доранд вале замини чарогоҳ надоранд ба сардори кумитаи идораи замин, омор, раёсати кишоварзӣ, мақомоти андоз супоришҳои мушаххас дод.

      Муҳтавои асосии ҷаласаи назоратӣ пеш аз ҳама рафти иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи июн ва кам кардани бақияпулии андоз, ҳолати корҳо дар самти парвариш ва нигоҳубини пахтазор: вусъат додани коркардаи байни қаторҳои пахта култиватсия; ғизодиҳӣ, чобуқ; ба анҷом расонидани ягонакунии қитъаҳои боқимонда; бартараф кардани оқибатҳои боронгариҳои пайдарпайи рӯзҳои охир дар қитъаҳои пахтазор, ҳолати корҳо дар самти ҷамъоварии ғалла: вусъат додани даррави ғалла дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ; назорат аз болои рафти истифодабарии комбайнҳои ғалладаравӣ; сари вақт баровардани коҳ аз майдони ғаллазор ва ба роҳ мондани шудгор дар қитъаҳои холишуда барои гузаронидани кишти такрорӣ, ҳолати ҷамъоварии ҳаққи оби полезии истифодашуда дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва АИО ва дуруст истифода бурдани корҳо дар ин самт, пешниҳоди маълумот барои бастани шартномаи хизматрасонии коммуналӣ бо ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии дар шаҳрак ҷойгиршуда, муайян намудани ҳолати чароғакҳои равшандиҳандаи шаҳрак, ки аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудаанд, пешниҳоди нақшаи схематикии шаҳрак бо рақамгузории хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ, пешниҳоди маълумот дар бораи ҳолати воридсозии китобҳои хоҷагидорӣ ба Барномаи электронӣ, пешниҳоди маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакону наврасон ва калонсолон ҳангоми оббозӣ дар каналу ҷуйборҳои ҳудуди ноҳия иборат буданд.

       Дар рафти тахлилу баррасии масъалаҳои дар рӯзномабуда,  раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат бештар ба ҷанбаи сари вақт ва дар муҳлат иҷро нашудани чорабиниҳои қаблан андешидашуда сухан карда, нисбати бемасъулиятии масъулон, ки ба нафъи ҷомеа нестанд, таъкид карданд.

 

 

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.