Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Қадамҳои пойдор

  Натиҷаҳои истеҳсолии соли равон барои заҳматкашони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғози соли бобарор ва амалӣ шудани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат , Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб мераванд. "Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат - шарти асосии солимии мардум мебошад . . . Дар баробари ин дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳо андешида шавад" - қайд шудааст дар Паёми сарвари давлат.
Соли ҷорӣ дар ноҳия 1071 га боғ парвариш ёфта истодааст, ки аз он 500 га ба ҳосил омада мебошад. Дар ноҳия 490 га заминҳо ба истеҳсоли полезиҳо ҷудо карда шудааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли 5 326 тонна мевагиҳо ва 22 477 тонна полезиҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, аз рӯи нақшаи муайяншуда 1400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот хоҳад шуд.
То имрӯз аз ҳудуди ноҳия ба ноҳияи Дарвоз 126 тонна пиёз , ба шаҳри Душанбе 6,5 тонна гӯшт, 2,3 тонна равған, 3,2 тонна зардолу, ба ноҳияи Ванҷ 21 тонна картошка, ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ 48 сар моли майда , 105 сар ҳайвони калони шохдор, 22 тонна карам, 51 тонна чигит содирот шудааст.
Имрӯзҳо дар саҳроҳои хоҷагиҳои деҳконӣ кор дар авҷ мебошад.
Дар расмҳо : и. в. раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат ҳангоми ҷамъоварии мева, пиёз ва
полезиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии "Хоксор"- ҷамоати
деҳоти Чубек ва "Сафир-ЛТД"- и ҷамоати Панҷоб

Фото Сайидамира Вализоды.   Фото Сайидамира Вализоды.

 

Фото Сайидамира Вализоды.    Фото Сайидамира Вализоды.

 

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ