Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Эй, ки дастат мерасад, коре бикун!

       Дар арафаи иди саиди Фитр роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятӣ-хайриявии “Бобуна”, (роҳбараш Саидислом Мирзоев)  аксияи навбатии хайриявиашро бо унвони “Дасти хайр” дар партави баромади Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳини суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки таъкид карда буданд: “Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки хусусан солҳои охир дар кишварамон дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо аз ҷониби соҳибкорону ашхоси ҳимматбаланд торафт ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст”, баргузор намуд. Дар чорабинӣ ба узви 8 оилаи камбизоат, ки дар қайди бемориҳои диспансерӣ ҳастанд ва 3 нафар кормандони Маркази зиддисилии ноҳия дар ҳудуди 3450 сомонӣ кумак расонда шуд.

      Бояд қайд кард, ки арафаи ҷашни Наврўзи байналмиллалӣ ва рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил (24-уми март) низ таҳти шиори “Биёед саҳми худро баҳри хотимаи бемории сил гузорем!” аксияи навбатии худро гузаронида буданд.

     Дар ин ҳамоиш ба беморони дар қайди диспансерии бемориҳои сил буда, суҳбат гузаронида, бо далелҳои муътамад доир ба пурра табобатшаванда будани бемории сил ва аз нигоҳи равоншиносӣ омода намудани ашхоси мубталои бемории сил аз ҷониби ихтиёриён – волонтёрҳои ташкилот баромад ва саволу ҷавоб ташкил ва гузаронида шуд.

      Дар фарҷоми аксия бо мақсади дастгирӣ  ба 45 нафар беморони мубталои сил, ки дар қайди диспансерӣ буданд аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва 5 нафар корманди Маркази зиддисилии ноҳия (патронажҳо) дар ҳаҷми 17 100 сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонда шуд.

Барои маълумоти бештар аз сомонаи www.bobuna.tj  истифода намоед.

 

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.