Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Таъмиру барқарорсозии роҳҳо

       Тайи солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳия як қатор корҳои  назаррас  амалӣ гардиданд.

     Тибқи банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳия Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 27 июли соли 2016 баён доштанд, таъмитри асосӣ ва чароғон намудани роҳҳои  маркази ноҳия- шаҳраки Москва аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва соҳибкорон дар масофаи 10 километр аз ҷониби аз ҷониби ширкати роҳсоз-ҶДММ «Роҳи тоҷик» ва ҶДММ «Хайру Неъмат» ба анҷом расонида шуданд.

     Инчунин, аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи маблағҳои  мазкур кўчаи марказии маҳаллаи ба номи Қ. Холиқов  дар масофаи 1200 км  бо паҳноии 6 метр, мумфарш карда шуд, ки ин ба маркази ноия- шаҳраки Москва  ҳусни тоза зам намудааст. 

 

 

 

   

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ