Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи назди раиси ноҳия ҷамъбаст гардид

          Рўзи 07.06.2018 дар ҷаласаи васеъи назди раиси ноҳия  натиҷаи ҷамъбасти сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи даъвати баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

         Дар ҷаласа муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Комиссияи даъватии ноҳия ва комиссияи тиббӣ, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони мизи ҳарбии Ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок доштанд.

         Оид ба масъалаи натиҷаи ҷамъбасти сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи даъвати баҳорӣ раиси Комиссияи даъватӣ, муовини раиси ноҳия Сафаров Н. ҳисобот дод. Дар ҳисобот қайд гардид, ки Комиссияи даъватӣ дар давраи сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати хизмати ҳарбӣ”ва Низомнома “Дар бораи тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ” ба роҳ монда, дар доираи чорабиниҳои таҳиягардида бо мақсади сари вақт ҳозир гардидани ҷавонони синни даъватӣ ба Комиссариати ҳарбӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ сохт. Квотаи барои ноҳия муайяншуда иҷро гардид.

         Инчунин дар ҷаласа ахбороти раиси Комиссияи тиббӣ Алиев Б. ва  муовини комиссариати ҳарбии ноҳия Мирзозода М. Б. оид ба фаъолияти комиссияи тиббӣ ва Комиссариати ҳарбӣ дар давраи  сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

         Баъди шунидани ҳисоботи Комиссияи даъвати баҳорӣ ва ахбороти комиссияи тиббию комиссариати ҳарбӣ раиси ноҳия муҳтарам    Одиназода Б. Н. оид ба мушкилотҳое, ки дар давраи сафарбарсозии ҷавонон ба миён омаданд, сухан ронда, таъкид сохтанд, ки фаъолияти Ҷамоатҳои деҳоти Даштигуло ва Меҳнатобод ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни даъватшавандагон ва волидайни онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Ин буд, ки нақшаи даъват аз тарафи Ҷамоатҳои номбурда таъмин нагардид.

Инчунин таъкид гардид, ки дар ин давра аксари раисони маҳаллаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар кори сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат накарданд. Чунончӣ, аз маҳаллаҳои 1-ум ва 7-уми шаҳраки Москва, аз деҳаҳои Гулистон, Қаҳрамон ва Пахтакори Ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон”, аз деҳаҳои Тагноб, Пахтаобод ва Даштигулои Ҷамоати деҳоти Даштигуло, аз деҳаҳои Ҳаёти Нав ва Туғули Ҷамоати деҳоти Чубек, аз деҳаи Кодара-2-и Ҷамоати деҳоти Панҷрўд, аз деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ягон нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар нагардиданд.

Фаъолияти Комиссияи даъватӣ, комиссияи тиббӣ ва кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия низ дар ин давра қаноаткунанда набуд.

Дар охир раиси ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани даъвати навбатии тирамоҳии соли ҷорӣ  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  доданд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ