Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз дида басе фарқ бувад то ба шунидан


        Дар сехи дӯзандагии назди ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Равонбахш” курси омӯзиши чеварӣ барои 20 нафар занҳо ва духтарони имконияташон маҳдуд аз оилаҳои камбизоат бо дастгирии филиали КВД “Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” дар шахри Кӯлоб ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ба роҳ монда шудааст. Давомнокии курси номбурда ду моҳ буда, баробари хатм намудан соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мгарданд. Дар давоми таҳсил ба онҳо дар ҳаҷми 110 сомонӣ идрорпулӣ дода мешавад.
       Давоми панҷ соли фаъолият ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Равонбахш” тавонист бо муассисаҳои номбурда курсҳои дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, занбӯриасалпарварӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монад, ки айни ҳол ашхоси таҳсилдида бо шуғли интихобнамудаи хеш дар ҷодаҳои гуногуни ҳаёт пайи фаъолиятанд. Яке аз ҳадафҳои оинномавии ташкилот ҳам ба омӯзиш ва касбомӯзии ашхоси маъюб равона шудааст.
Роҳбарияти ташкилот тасмим доранд, ки дар ояндаи наздик боз курсҳои омузишии дигари рӯзмарраро ҳам ташкил намояд. Роҳбарияти сехи дӯзандагӣ нақша дорад, ки баъди ба итмом расидани курси чеварӣ дар даҳаи дуюми моҳи август аз ҳисоби хатмкунандаҳои курс сафи коргарони сехро зиёд намуда, дар солҳои 2019-2021, ки солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, саҳми худро гузоранд..

 

   

 


Звйнулло МУРОДОВ,
роҳбари ташкилоти ҷамъиятии
маъюбони “Равонбахш”

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.