Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БОЗИЕ, КИ ҲАТТО ФАРХОРИЁНРО БА ВАҶҲ ОВАРД

        Чанд рўз пеш дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дастаи футболи «Сарҳадчӣ»-и ноҳия бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якумро бо дастаи «Ҳосилот» доир намуд. Бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн оғоз ёфт. Ҳарду даста барои кушодани ҳисоби бозӣ ҷаҳду талош мекарданд.

       Дар дақиқаи панҷуми бозӣ довари майдон аз шаҳри Кўлоб ғайричашмдошт ба дарвозаи «Сарҳадчӣ» ҷаримаи 11-метра таъин кард ва он бо гол анҷом ёфт.

      Баъди панҷ дақиқаи дигар соҳибони майдон тўби дуюмро вориди дарвозаи меҳмонон намуданд. Баъди сар додани ду гол меҳмонон каме руҳафтода шуда, дар дақиқаи 20-уми вохўрӣ тўби сеюмро ба дарвозаи худ сар доданд. Қисми аввали бозӣ бо натиҷаи 3 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом пазируфт.

       Дар қисми дуюми бозӣ сармураббии дастаи «Сарҳадчӣ» Умар Сафолов дар ҳайёати даста тағйиротҳо ворид намуд. Ба майдон футболбози ботаҷриба Амирҳамза Акобирзода баромад ва дар бозии футболбозони «Сарҳадчӣ» дигаргунии куллӣ ба амал омад. Амирҳамза бо партофтҳои зебои худ хатти ҳимояи фархориҳоро ба таҳлука меандохт. Ташаббус пурра ба дасти футболбозони «Сарҳадчӣ» гузашт. Онҳо аз ҳар гўшаи майдон дарвозаи соҳибони майдонро ба нишон гирифта, дарвозабони онҳоро ором намегузоштанд. Дар дақиқаи 65-уми бозӣ бозингарони «Сарҳадчӣ» дар наздикии дарвозаи «Ҳосилот» вазъияти хавфнокро ба амал оварда,  нимҳимоятгар Фирўз Боронов аз масофаи 40 метр бо зарбаи олиҷаноб бо усули бозингари ҷаҳонӣ Криштиану Роналду дарвозаи «Ҳосилот»-ро рахна намуд. Ҳисоб 3 бар 1 шуд. Баъд аз ин, ҳамлаҳои меҳмонон боз ҳам фаъолтар гардида, акнун футболбозони фархорӣ дар майдон даступохўрда шуданд.

       Футболбози боистеъдод Далер Сайдалиев дар дақиқаи 75-ум аз лаҳзаи муносиб устокорна истифода бурда, голи навбатии зебоеро вориди дарвозаи соҳибони майдон намуд.

       Панҷ дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ бозингари чолоку боистеъдод Фирўз Боронов дар маркази майдон аз чанд бозингари соҳибони майдон устокорона гузашта, аз масофаи анча дур бо зарбаи сахту нишонрас тўбро ба дарвозаи «Ҳосилот» равон кард, ҳисоб баробар 3-3 шуд. Тўби сеюми Фирўз ончунон зебо буд, ки ягон нафари мухлисони дар варзишгоҳ бударо дар канор нагузошт.

       Мухлисони фархорӣ ба голи Фирўз ва ҳунари волои Амирҳамза Акобирзода, Фаррух Сафолов, Беҳрўзи Нусратулло ва дигарон аз ҷо бархоста, кафкўбӣ мекарданд.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ футболбозони «Сарҳадчӣ» аҳлона бозӣ карда, метавонистанд чанд тўби дигар зананд, аммо онҳо аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ дуруст истифода бурда натавонистанд.

Чӣ тавре, ки дар суҳбат сармураббии «Сарҳадчӣ» Умар Сафолов зикр кард, агар дар бозиҳои минбаъда низ мо чунин маҳорати воло нишон диҳем, метавонем дар садри ҷадвал бошем.

Баъди ин дидор «Сарҳадчӣ» аз 4 бозӣ соҳиби 10 имтиёз гардида, пас аз дастаи «Моҳир» (Ёвон) дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.