Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Коратон иҷро шуд?

 

         Дар рӯзи қабули шаҳрвандон ҳафтаи гузашта, муроҷиати як шаҳрванд ҳамонҷо ҳал шуд. Кумаки моддӣ мехост, дар беруни дар ин зан ба Худо муроҷиат дошт, ки “Худовандо, шукри истиқлолияту оромӣ,  Роҳбари Давлату раисонро дар паноҳи худат нигоҳ дорӣ!” гӯён қаноатманд баромад.

         Мавзӯҳоии асосии муроҷиати навбатии шаҳрвандон рӯзи шанбе - шашуми июл низ мисли ҳафтаҳои гузашта баҳси замини наздиҳавлигӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ, кумаки молиявӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ,  баҳси хонаи истиҷоматӣ, гирифтани маълумотномаи камбизоатӣ, гирифтани шиноснома, таъмин ба ҷойи кор ва оид ба қарзи Агробонк буданд. 

Ҳамаи  12нафар сокинони ноҳияро, ки аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар қабулгоҳ ҷамъ омада, номнавис шуда буданд, гӯш карда, баҳси ҳар кадомашонро баррасӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро барои иҷрои ҳалли онҳо муваззаф мегардонд.

     -Коратон иҷро шуд? - пурсид раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода аз шаҳрванде, ки бори дуюм ба қабул омада буд.

         - Бале, раис. Ин дафъа барои миннатдорӣ омадам, - гуфт марди мӯйсафед, ки дар даст асо дошт . . .

-Қабули шаҳрвандон, ки яке аз ҷузъҳои асосии кори раиси ноҳия аст, - гуфт Одиназода Бозоралӣ Неъмат, чизеро дареғ намедорем, коратон бармад, муроҷиат кунед, - гуфт раис ва якеро барои гусели мӯйсафед масъул намуд.

          Воқеан, бори нахуст нест, ки раис таъкид мекунанд, ки арзишмандтарин чизи дунё вақт аст, яъне умри мову шумост, ки бояд беҳудаву бемаҳсул нагузарад. Зеро пойбанди баҳсҳое ҳам мешавем, ки то поёни баёни арзкунанда ҳалли худро меёбанд, -борҳо таъкид кардаанд раис Бозоралӣ Одиназода.

-Барои муроҷиати шаҳрвандон ҳамеша омодаем ва мушкилоти онҳоро бо имкониятҳои мавҷуда ҳал хоҳем намуд, иброз доштанд раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода

 

 

   

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.