Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа

 

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Д. Ғаффорзода “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нимсолаи аввали соли 2019” баромад намуд. Мавсуф ҷиҳати баррасӣ ва иҷроиши қарорҳои Кумитаи иҷроияи вилоят ва ноҳия сухан намуда, доир ба зери назорати қатъӣ гирифтани натиҷаи қарорҳои қабулшуда гуфт. Ҳамчунин оид ба фаъолияти хуби ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар нимсолаи аввал маълумот дода, барои боз ҳам мустаҳкам намудани фаъолияти ҳизбӣ, вусъат бахшидан ба кори Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар нимсолаи дуюм гузориш дод.

Дар маҷлис масъалаи ташкилӣ низ мавриди иҷро гузошта шуда, ба ҷои се нафар ашхоси аз ҳудуди ноҳия баромада рафта нафарони нав аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб интихоб шуданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз рӯи масъалаҳои дар рӯзномабуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

 

 

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.