Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз муҳаббат хорҳо гул мешавад

 

         Имрӯз дар Маркази тавонбахшии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии маъюбон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки 40 нафар кӯдакони маъсум – маъюбон аз Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия, шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Фархор иштирок доштанд, баъди суханронии кутоҳи муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода хӯрок хӯрда, дар маъракаи фарҳангӣ, ки бо ташаббуси раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б. Н. ташкил шуда буд, фаъолона иштирок намуданд.

        Дар кори таъмини истироҳат ва фароғати ин кӯдакони маъсум, ки бо дастгирии махсуси Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макон табобату фароғат мекунанд, саҳми коргарон Гулсифат Халилова, Ҷамила Бердиева, Адолат Латифова ва Нурмуҳаммад Маниёзов калон аст, -гуфт менеҷери ин муассиса Баҳриддин Акбаров.

     Кӯдакон бо тарзи худ шеърхонӣ ва рақсу бозӣ менамуданд, вақте, ки аксари волидон аз завқи зиёди бачаҳо ашки шодӣ мерехтанд. Кас ин манзараро дида, хоҳу нохоҳ аз истиқлолияти комили кишвари азизамон шукр мекунад. Аз он, ки на танҳо одамони солим, балки маъюбон – кӯдакони хурдсолу наврасони маъсум шодиву хурсандӣ менамуданд, ки ин бешакку шубҳа ба солимии ояндаи онҳо бетаъсир намемонад.

Ба суханони охири баромади муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода:

  • Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
  • Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад,
  • Аз муҳаббат хорҳо гул мешавад, ҳамаи ҳозирин – падару модари тарбиягирандагон, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва кормандони Маркази тавонбахшӣ ба нишони тасдиқ сар меҷунбонданд.  

Қисмати фарҳангии чорабинӣ хеле муассир буд ва таъсирбахш.

 

 

 

 

 

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.