Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Азм чу афтод содиқ . . .

      Дар ҷаласаи имрӯзаи назди раиси ноҳия масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз дар моҳи июн ва пешниҳоди нақшабандии нақшаи ҷамъоварии андоз дар июл, назорат ба рафти корҳои саҳроӣ дар пахтазор: дар соҳаи кишоварзӣ: обдмонии саривақтӣ, озуқадиҳии майдони пахтазор, муборизаи зидди ҳашарот, ба танзим даровардани оби полезӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва АИО, пешниҳоди хулоса оид ба санади гурӯҳи корӣ дар бораи азназаргузаронии заминҳои корхонаҳои истеҳсоли намаки ошӣ ва техникии ҶДММ “Меҳрангез”, “Намакдон” ва “Бахтиёри Саидзод”, таъмиру тармими дуконҳои зарардидаи бозори марказӣ ва муҳайё намудани шароити корӣ барои соҳибкорони бозор, назорат ба риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор аз тарафи масъулини соҳаи оташнишонӣ ва риояи меъёрҳои таъмини қувваи барқ дар нуқтаҳои савдои бозори марказӣ, ташкили аёдати собиқадорони меҳнат вобаста ба самтҳои фаъолияташон, нигоҳубин ва обмонии гулҳои шинондашуда дар кучаҳои шаҳраки Москва, омодаги ба санҷиши байниҳамдигарии ноҳияҳо дар асоси амри раиси вилояти Хатлон ва қабули меҳмонони  ноҳияи Хуросон дар рӯзи 19 ибли соли ҷорӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

       Ҳангоми баррасии натиҷаи иҷроиши супоришҳои ҳафтаи гузашта фаъолияти бахши меъморӣ оиди ба тартиб даровардани рӯйхати номгуи иншоотҳое, ки бахшида ба 30-солагии истиқлолияти кишвар мавриди истифода қарор гирифтаанд, маротибаи чандум аст таъкид мешунаванд.

       Дар интиҳои чорабинӣ раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода аз ҳар як корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иҷрои босифати корҳоро талаб намуд.

      -Барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулияту кордонӣ лозим аст, чӣ тавре, ки  Соиби Табрезӣ мегӯяд: Азм чу афтод содиқ, роҳбар даркор нест- хулоса намуд ҷамъомадро Бозоралӣ Одиназода.

 

 

 

  

 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.