Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Бохт дар майдони худ


Дар даври навбатии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюм дастаи "Сарҳадчӣ"-и ноҳия дар майдони худ дастаи "Кушониён" (ноҳияи Кушониён)-ро қабул кард.
Бозӣ аз аввал то охир бо бартарии меҳмонон гузашта, онҳо ба ҳисоби 4 бар 1 дастболо гардиданд. Ҳарчанд дар дақиқаҳои охири бозӣ соҳибони майдон кӯшиши бисёр намуданд, вале тағйир додани ҳисоби бозӣ ба онҳо муяссар нагардид.
Футболбозони дастаи "Сарҳадчӣ" дар майдон басо хаста ба чашм мерасиданд, онҳо аз чанд лаҳзаи хуби голзанӣ истифода бурда натавонистанд. Дар майдон бозии хуби А. Акобирзода (дар қисми дуюм) ва ду-се нафари дигар ба чашм расиду халос.
Баъди бохт дар мвйдони худ дастаи "Сарҳадчӣ" мавқеи худро дар садри ҷадвал аз даст дод.
Маркази матбуотии раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.