Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАТИҶАҲОИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

     Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади васеъ ҷиҳати ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор шуд. Ҷамъомадро раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода кушода, аз ҳадафҳои ин чорабинӣ ба ҳозирин маълумот дод.
     Аз рӯи масъалаи дар рӯзномабуда муовини раиси ноҳия Нусратулло Сафарзода баромад намуда, аз бурду бохти ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ дар ноҳия гуфта гузашт.

   Бори нахуст дар чорабинӣ аз воситаҳои техникии намоишӣ истифода бурда шуд.
       Аз рӯи моҳияти масъалаи баррасишуда, раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода роҳбарон ва масъулини соҳаҳоро дар мавриди ба таври қаноатбахш иҷро нашудани нишондиҳандаҳои нақшавӣ пурсид. Ҳам соҳаи саноат, сохтмон ва ҳам маорифу тандурустӣ нисбати паст будани натиҷаҳо тибқи омори расмӣ мавриди танқид қарор гирифтанд. Худи иҷро нашудани нуктаҳои алоҳидаи "Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои 2017-2021" дар ноҳия гувоҳи банақшагирии сарсарӣ дар соҳа мебошад.
       Дар баррасии ҳамаи мавзӯҳои муҳокимашуда роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, кооперативҳои истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои калони деҳқонӣ як як пурсида шуданд.
       Дар кори маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Қаландаров Усмон Ҳамроевич ва муовини сардори Раёсати стандартизатсия, сертификатсия, метродогия ва савдои минтақаи Кӯлоб Бодуров Олимшоҳ Рустамович иштирок ва баромад намуданд.
Ҷамъомад бо қабули қарорҳои дахлдор бо назардошти пешниҳодоти иштирокчиёни чорабинӣ ҷамъбаст гардид.

 

 

 

  


Маркази матбуотии раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.