Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Семинар - машварат доир гардид

     Имрӯз дар қитъаи замини хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Асомиддин"-и Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон" семинар - машварати ноҳиявӣ ҷиҳати муайян намудани ҳосили биологи (апробатсия)-и ҳосили соли 2019 гузаронда шуд.
Семинарро муовини аввали раиси ноҳия Алихон Холиқов кушода, муҳиммияти корро хотиррасон намуд. Дар бораи муҳлат ва тартиби гузаронидани апробатсия сардори Раёсати кишоварзӣ Маҳдӣ Орифзода батафсил гап зад.
Дар машварат, ки хоҷагидорони ноҳия, раисони Ҷамоатҳои деҳот, мутахассисони кишоварзии онҳо иштирок доштанд, мафҳуми апробатсия ва тартибу муҳлати гузаронидани он, пешниҳоди маълумоти ҳаррӯза, шинос намудани гурӯҳҳои корӣ дар Ҷамоатҳо доир ба гузаронидани апробатсия, омода намудани китобҳои бақайдгирии ҷамъоварӣ ва супоридани пахта, додани тавсияҳо ҷиҳати коркарди иловагии байни қаторҳои пахта, муборизаи зидди ҳашаротҳои зараррасон ва обмонӣ барин масъалаҳои муҳим баррасӣ ва таҳлил гардиданд.
Дар гузаронидани чунин маъракаи муҳим собиқадорони хоҷагии халқи ноҳия Раҳмуллоев З., Эмомов М., Сафаров Ҳ., Давлатов Ҳ. аз таҷрибаи бевосиаашон сухан карда, тартиби гузаронидани арробатсияро амалан нишон доданд.
Чорабиниро раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ҷамъбаст карда, аз собиқадорони соҳаи кишоварзӣ нисбати маслиҳатҳояшон сидқан изҳори миннатдорӣ намуда, барои нағз ҷамъбаст намудани апробатсия тавсияҳои судманд доданд.

 

 

 

 

 

МАРКАЗИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.