Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ободкорӣ дар деҳот

       Ибтидои соли равон соҳибкорони маҳаллии деҳоти "Меҳнатобод" тасмим гирифтанд, ки ҷавобан ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ барои рушди деҳот баён дошта буданд, саҳм бигиранд. Онҳо бояд масофаи шаш километр роҳҳои дохили маҳалҳоро асфалтпӯш мекарданд .
Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба мутахассисони соҳа супориш дода буданд, ки роҳҳо бояд ба стандартҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқат кунанд. Бинобар ин ҳамаи роҳҳои таъмиру азнавсозӣ мешударо, ки солҳои 50 - 60 асри гузашта тарҳрезӣ шуда буданд, аз сари нав таҳия карданд.
         Инак, ҳамаи корҳои омодагӣ ба охир расида, қисмати асфалтпӯш карданаш оғоз гардид. Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба мутахассисон ва коргарон фотеҳаи корро дода, оғози онро шурӯъ намуданд. Имрӯз, аллакай зиёда аз 1,5 километри он бо сифати баланд асфалтпӯш гардид.
Хурсандии мардуми деҳоти Меҳнатободро ҳадду канор нест.

А. Муродов

 

 

 

 

 

 


 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.