Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аёдати ветеранҳои ҷангу меҳнат дар арафаи иди Қурбон

     Имрӯз - 10 август дар арафаи иди Қурбон бо супориши раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода раиси Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат Раҳимов Шариф ва сархатиби масҷиди ҷомеъи ноҳия Маҳмудов Иброҳим аз ҳолу аҳволи ветеранҳои ҷангу меҳнат хабар гирифта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар кадомашон дусад сомонӣ идона супориданд.
- Шукри Худованд ва Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва оромӣ кору зиндагӣ карда, иҷрои ҳар фарзу суннати шариатро ба ҷо меорем, идҳои саиди Рамазону Қурбонро ҷашн мегирем, - зикр карданд сокини шаҳраки Москва, ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саъдулло Ғафуров.

 

 

 

 

 

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.