Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Абрӯгушода бош, чу дастат кушода нест . . .

  

         Мавзӯҳоии асосии муроҷиати навбатии шаҳрвандон рӯзи шанбе – 10 август низ мисли ҳафтаҳои гузашта кумаки молиявӣ, баҳси замини наздиҳавлигӣ, номгузории маҳаллаи навбунёд, кумаки молиявӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баҳси хонаи истиқоматӣ, шикоят аз кори беморхона буданд.

        Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ҳамаи 9 нафар сокинони ноҳияро гӯш карда, баҳси ҳар кадомашонро баррасӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро барои иҷрои ҳалли онҳо муваззаф мегардонд.
-Нахустин нафаре, ки маҷрӯҳ буда, қобили кор набуданд ва барои кумак дар арафаи иди Қурбон омаданд, дар қабулгоҳ ҳоҷаташ бароварда шуд ва дасти дуои хайр бардошта, аз Пешвои муаззами миллат, раиси ноҳия ва ҷамъи бошандагон суханони нек гуфтанд.
- Дар дунё кори намешудагӣ нест. Ин маврид гуфтаи Соиби Табрезиро батакрор гуфтанд:
Чун во намекунӣ гиреҳе, худ гиреҳ мабош,
Абрӯгушода бош, чу дастат гушода нест.
      Дар охир раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ҳамаи корафтодагонро ба фарорасии иди Қурбон табрик намуда, аз соҳибистиқлолиятии кишвар шукргузорӣ намуданд.


Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.