Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ХАЙРКОРОН ЗИЁД МЕШАВАНД

        Имрўзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия, корҳои омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғайрати дучанд ва неруи созандагӣ идома дорад. Дар сазовор истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ махсусан, аъзоёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ибтидоии дар маҳаллаҳо будаи он фаъолияти пурсамар карда, пешоҳангии худро нишон дода истодаанд. Ба қарибӣ дар маҳаллаи Боғистони Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиев зери аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» корҳои ободониву созандагӣ ҷараён гирифт. Бо ташаббуси ҳизбиёну дастгирии ҷавонмардони сахиву эҳсонкор ва дасткушод зиёда аз як километр роҳ бо сифати баланд сангфарш карда шуд.

         Ба маврид аст қайд намоем, ки кор дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ мувофиқ ба талаботи рўз аст. Бо тарғибу ташвиғи ҳизбиён дар ноҳия рўз аз рўз сафи шахсони саховатпеша зиёд шуда, ёрии беғаразонаи худро ба ташкилоту муассисаҳо ва оилаҳои ниёзманду камбизоат мерасонанд. Масалан, сокини деҳаи Навобод Абдулмаҷид Маҷидов ҳиссаи худро дар таъмири босифати мактаби рақами 8 гузошта, ба сохтмончиён масолеҳи сохтмонӣ ба тариқи ройгон пешкаш намуд. Солеҳ Раҳмонов – як марди саховатпеша бо ҳидояти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба сокини деҳаи Туғул, Кенҷа Самадов бошад ба як оилаи камбизоати серфарзанд ба қадри дастрас маводи хўрока хайр карданд. Корҳои хайр дар Ҷамоати деҳоти Чўбек ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин аз эҳсонкории фарзандони саховатпешаи ин ҷамоат дарак медиҳад.

Гадоӣ САЙДАЛИЕВ,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия  

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.